Мутахассиси пайвасткунии мизоҷон
Мутахассиси пайвасткунии мизоҷон
Хуҷанд
Шахсони фаъолу масъулиятшиносеро мекообем, ки ба соҳибкорон дар бозорҳо ва мағозаҳо барои пайваст шудан ба хизматрасониҳои Алиф кумак мерасонанд.Кор бо шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати 3 моҳ бо имконияти тамдид.
Вазифаҳои шумо:
— Ба бозорҳо ва мағозаҳо рафта, бо соҳибкорон суҳбат карда, онҳоро бо хизматрасониҳои Алиф шинос намудан.
— Ба соҳибкорон дар барасмиятдарорӣ ва гирифтани кортҳои пардохтӣ кумак расонидан.
— Барои насб кардани барномаи мобилии Alif кумак кардан.
— Ҳуҷҷатҳои заруриро аксбардорӣ карда, барои муайян кардани шахсияти мизоҷон ба дастаи бонк равон намудан.
— Соҳибкоронро дар раванди пайвастшавӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ ҳамроҳӣ кардан.
Аз шумо чӣ интизорем?
— Фаъолӣ, масъулиятшиносӣ ва бодиққатӣ.
— Маҳорати хуби муошират бо одамон.
— Омодагӣ ба кори сайёр.
— Маҳорати хуби истифодаи смартфон.
— Хоҳиши омӯхтан ва рушд кардан.
— Таҷрибаи корӣ ҳатмӣ нест 🙌
Мехоҳед фаъолияти касбиро дар Алиф оғоз кунед, таҷрибаи амалӣ гиред ва бо маҳсулоти бонкӣ шинос шавед?
Ба дастаи мо ҳамроҳ шавед. Ба дӯстони худ низ фиристед, шояд онҳо ҳам дар ҷустуҷӯи кор бошанд 💚
Барои гирифтани маълумоти бештар ба Telegram ё WhatsApp ба рақами 888008595 нависед.
Дархост барои кор
Ин вазифаҳоро ҳам бинед:
Оператор в Digital Office (ночная смена)
Ищете работу, но нет опыта и диплома? В нашей команде это не барьер, а точка старта!
Душанбе
Мушовир
Фикр мекунед, ки бе таҷриба ва диплом кор ёфтан ғайриимкон аст? Бо мо қолабҳои кӯҳнаро шикаст диҳед ва барои ишғоли вазифаи мушовир худро бисанҷед. Ин вазифа муваққатӣ аст ва то баргашти корманди асосӣ пас аз таътили таваллуд мебошад.
Хоруғ
Коромӯзи назорати маъмурӣ
Ба шуъбаи Назорати маъмурӣ коромӯзи назорати маъмурӣ лозим аст.
Душанбе